расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Се не, садҳо млн бояд бошад: Норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз теъдоди ниҳолҳо

Асосӣ / Президент

Се не, садҳо млн бояд бошад: Норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз теъдоди ниҳолҳо

Президенти Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуда, аз номоишгоҳ боздид намудаст
Дар Боғи миллӣ президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуд, ки барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дарахтони Боғи миллӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва барои мутобиқгардонӣ ба иқлим шинонида шудаанд.
Сипас Раҳмон аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти "Пайванд" ва Агентии хоҷагии ҷангал ташкил гардида буд, дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарврӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектаро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо парвариши 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех ба роҳ монда шудааст, гузориш доданд ба президент.
Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш дод, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.