“ИСТИҚЛОЛ” “РАВШАН”-РО ШИКАСТ ДОДА, БОРИ ДАҲУМ ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БА ДАСТ ОВАРД
“ИСТИҚЛОЛ” “РАВШАН”-РО ШИКАСТ ДОДА, БОРИ ДАҲУМ ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БА ДАСТ ОВАРД
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бар тими «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуд ва барандаи даҳкаратаи ин ҷоиза гардид.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 рӯзи 1-уми ноябри соли 2023 дар варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» баргузор шуд ва 12 200 тамошобинро ҷалб кард. Вақти асосии бозӣ мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт. Дар қисматҳои изофӣ дастаҳо як голӣ заданд ва ҳисоби бозӣ 1:1 шуд. «Истиқлолиҳо» ба голи легионери ганагии «Равшан» Ҷозеф Акомади бо зарбаи дақиқи ҳимоятгари марказӣ Содиқҷон Қурбонов посух доданд. Дар силсилазарбаҳои пеналти «Истиқлол» муваффақ шуд – 4:2. Дарвозабон Рустам Ятимов зарбаи ҷаримавии дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенкоро баргардонд ва дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал низ эътироф гардид.
Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 барандаи Ҷоми кишвар шуда буд. Барои сармураббии даста Игор Черевченко ин аввалин ҷоиза бо дастаи «Истиқлол» ба ҳисоб меравад. Лозим ба гуфтан аст, ки капитани дастаи “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро бо футболкае ба даст гирифт, ки дар он ба нишони ҳимоят аз футболбози ин даста Манучеҳр Ҷалилов “Мо бо туем, Манучеҳр!” навишта шуда буд. Манучеҳр Ҷалилов, ки 33 сол дорад, чанд вақт боз бо мақсади табобати бемории саратонаш дар як шифохонаи шаҳри Маскав қарор дорад.