расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МЕҲРОБ ҲАИТОВ БО ВУҶУДИ ҲАМКОРИАШ БО ТАФТИШОТ

Асосӣ / Муҳоҷир

12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МЕҲРОБ ҲАИТОВ БО ВУҶУДИ ҲАМКОРИАШ БО ТАФТИШОТ

12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МЕҲРОБ ҲАИТОВ БО ВУҶУДИ ҲАМКОРИАШ БО ТАФТИШОТ
Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбӣ дар Маскав шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Меҳроб Ҳаитовро дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба бинои ФСБ дар майдони Лубянка дар маркази пойтахти Русия гунаҳкор шинохт ва ба 12 соли зиндон 500 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард. Хадамоти матбуоти додгоҳ қаблан гуфта буд, ки Меҳроб Ҳаитов яке аз 7 нафари муттаҳам ба қасди ҳамла ба қароргоҳи ФСБ буда,  ба далели эътирофи гуноҳ ва имзои қарордоди ҳамкорӣ бо тафтишот парвандааш аз дигарон алоҳида баррасӣ мешавад.Бо ҳукми додгоҳ Меҳроб Ҳаитов се соли аввалро дар маҳбаси пӯшида ва 9 соли боқимондаро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард. Вакили мудофеи ӯ танҳо дар мавриди ҳукми ҷаримаи Ҳаитов изҳори норозигӣ кардааст.
Худи Меҳроб Ҳаитов ва адвокаташ барои шарҳи мустақим дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин ҷавони тоҷик ҳамроҳ бо 5 тоҷики дигар ва як зодаи Доғистон моҳи марти соли 2022 дар Маскав ба созмони террористии ДОИШ байъат супурда, нақша доштанд, ки ба қароргоҳи марказии ФСБ ва биноҳои атрофи он дар майдони Лубянка дар маркази Маскав ҳамла оварда, бомбҳои худсохтро битарконанд ва раҳгузарону корафтодагонро тирборон карда, хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро талаб кунанд. Бино ба маълумоти тафтишот, ки “КоммерсантЪ” ба он такя мекунад, Ҳаитов тибқи нақша мебоист болои издиҳоми роҳгузарон ва биноҳои атроф тир мекушод. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ ҳамчунин барои мулоқоти аъзои гуруҳ манзил омода карда, дар бораи бинои ФСБ маълумот ҷамъ овардаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.