расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТУРКИЯ ДРОНҲОИ НАВТАРИНИ ТАМҒАИ “ОҚИНҶӢ” ВА ”ОҚСУНҒУР” ХАРИДААСТ

Асосӣ / Ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТУРКИЯ ДРОНҲОИ НАВТАРИНИ ТАМҒАИ “ОҚИНҶӢ” ВА ”ОҚСУНҒУР” ХАРИДААСТ

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТУРКИЯ ДРОНҲОИ НАВТАРИНИ ТАМҒАИ “ОҚИНҶӢ” ВА ”ОҚСУНҒУР” ХАРИДААСТ (10 АКС)
29 октябри соли 2023 қабл аз оғози сабақҳои тактикӣ дар тамрингоҳи ҳарбии “Эделвейс”, ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ( Садыр Жапаров) намунаҳои силоҳҳои ҷадиде, ки барои Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар, асосан барои қӯшунҳои марзбониаш харидорӣ шудаанд, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯш ва дронҳои сохти худи Қирғизистон, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини навтарини тамғаи “Оқинҷӣ” ва “Оқсунғур”, ки ахиран аз Туркия хариданд, намоиш дода шуданд. Дар аксҳои нашркардаи хадамоти матбуоти президент дида мешавад, ки Ҷабборовро дар ин “намоиши зӯри бозу” дасти росташ – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳамроҳӣ мекунад.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, ба Ҷабборов дар “Эделвейс” аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯши тамғаҳои “Тигр”, “Аксум” (“Оқсум”) ва “Тойота Ленд Крузер79”, ки бо пулемётҳои қутрашон бузург мусаллаҳ гардонида шудаанд, дронҳои сохти Қирғизистон ва гранатомётҳои 40-миллиметрии RBG, ки ҳар кадомаш 6 норинҷак дошта, барои аз байн бурдани нирӯи зиндаи душман пешбинӣ шудаанд, намоиш дода шуд.Содир Ҷабборов ҳамчунин бо иқтидори ҷангии ҳавопймоҳои бесарнишини туркии “Оқинҷӣ” ва “Оқсунғур”, ки бо мушакҳои “замин ба ҳаво” ва “ҳаво ба ҳаво” мусаллаҳ гардонда шуда, тавони аз байн бурдани ҳадафҳо чӣ дар осмон ва чӣ дар заминро доранд шинос шудааст. Паҳподи “Оқинҷӣ” 450 қувваи асп иқтидор дошта, суръати парвозаш то 361 километр дар як соат аст. Паҳподи “Оқсунғур”, ки бештар барои амалҳои ҷосусист, 170 қувваи асп иқтидор дошта, суръаташ то 240 километр дар як соатро ташкил медиҳад.
Қирғизистон дар ҷараёни муноқишаи хунини моҳи сентябри соли 2022 дар марз бо Тоҷикистон ба таври фаъолона аз ҳавопаймоҳои бесарнишини аз Туркия харидааш истифода бурд. Аз ҷумла 18 сентябри соли гузашта 25 сокини мулкии деҳаи Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон, ки дар биноҳои мактаб ва масҷиди ин деҳа паноҳ бурда буданд, маҳз дар натиҷаи ҳамлаҳои дронҳои туркии тамғаи “Байрақдор ТБ” кушта шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.