расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК “ҶИНБАРОР” ДАР ХУҶАНД БАРОИ БАДАХЛОҚӢ НИСБАТ БА ЯК ҶАВОНЗАН

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ЯК “ҶИНБАРОР” ДАР ХУҶАНД БАРОИ БАДАХЛОҚӢ НИСБАТ БА ЯК ҶАВОНЗАН

БОЗДОШТИ ЯК “ҶИНБАРОР” ДАР ХУҶАНД БАРОИ БАДАХЛОҚӢ НИСБАТ БА ЯК ҶАВОНЗАН
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд як “ҷинбарор”-и 68-сола бо иттиҳоми бадахлоқии шаҳвонӣ дастгир шудааст. Худи дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилои расмӣ, додситонии вилояти Суғд  рӯзи 25 октябри соли 2023 нисбат ба Набиев Абдувалӣ, соли таваллудаш 1955, бар асоси қисми аввали моддаи 142, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида содир шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Додситонии кул дар шарҳи ин парванда гуфт: “Набиев Абдувалӣ, ки на таҳсилоти динӣ ва на тиббӣ дорад, худро дар байни мардум ҳамчун “мулло” ва “табиб” муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ш.Хуҷанд, маҳаллаи 12, корафтодагон, аз ҷумла занонро қабул намуда, бо роҳи дуохонӣ, маҳси бадан, “таштобнависӣ” ва дигар роҳҳо гӯё онҳоро табобат ва ҷинҳоро аз баданашон дур мекардааст. Чунончӣ, 23.10.2023 ӯ ба манзили иҷоравии шаҳрванд М., воқеъ дар ш. Хуҷанд омада, бо баҳонаи баровардани ҷин ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии шаҳрванд М. нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудаастд”.Ин ниҳод аммо шарҳ надодааст, ки Набиев Абдувалӣ нисбат ба М. мушаххасан чӣ гуна рафтори бади шаҳвонӣ содир кардааст?
 Ба Набиев Абдувалӣ бар асоси қисми якуми моддаи 142, иловаи 1 ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.