расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТОҶИКЕ ДАР ТИМИ ТОҚАЕВ: ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКБАРҶОН ИСМОИЛОВ ОРДЕН ДОД

Асосӣ / Муҳоҷир

ТОҶИКЕ ДАР ТИМИ ТОҚАЕВ: ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКБАРҶОН ИСМОИЛОВ ОРДЕН ДОД

ТОҶИКЕ ДАР ТИМИ ТОҚАЕВ: ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКБАРҶОН ИСМОИЛОВ ОРДЕН ДОД (8 АКС)
Дар арафаи Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 24 октябри соли 2023 таҷлил шуд, дар қароргоҳи раёсати ин ҷумҳурӣ “Оқорда”, ё “Қасри сафед” дар шаҳри Остона маросими тақдими ордени "Ел бірлігі" (“Ваҳдати мардум”) доир шуд. Президент Қосим-Жомарт Тоқаев, ки раҳбари Ассамблея, ё Анҷумани халқи Қазоқистон низ ҳаст, бо ин орден муовинаш дар ин Анҷуман Акбарҷон Исмоиловро сарфароз гардонд.
Нашрияи “Деловой Казахстан” (DKNews.kz) Акбарҷон Исмоиловро “шахсият, лидер ва арбоби ҷамъиятии барҷаста” номида, навишт, “ин ҷоиза ба Исмоилов барои хидматҳои барҷастааш дар таҳкими ваҳдати миллат, таъмини ризоияти ҷомиа ва ваҳдати миллӣ, ҳамҷунин барои фаъолиятҳои назарраси ҷамъиятӣ ва хайрия тақдим шуд”.  “Деловой Казахстан” ҳамчунин таъкид кардааст, ки “сарфароз гардидани Акбар Исмоилов бо ордени "Ел бірлігі" баёнгари эътирофи дастовардҳои барҷаста ва саҳми бебаҳои ӯ дар рушди ҳамаҷонибаи Қазоқистон аст. Роҳи ӯ аз як соҳибкор ва лидери ҷамъиятӣ то ба мақоми муовини раиси Анҷумани халқи Қазоқистон – намунаи ибрат барои онҳоест, ки барои хидмат ба кишвар ва мардуми худ талош мекунанд”.
Акбарҷон Яҳёхоҷаевич Исмоилов – муовини раиси Анҷумани халқи Қазоқистон ва ҳамчунин раҳбари Маркази этнофарҳангии ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст. Моҳи августи соли 2023, дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона, Тоқаев ба ӯ Акбарҷон Исмоиловро ҳамчун узви команди худ муаррифӣ кард ва гуфт, “дар командаи ман як тоҷик ҳаст. Гузашта аз ин, ӯ муовини ман аст”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.