расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАНСАБДОРИ РУС ГУФТ, МУҲОҶИРОНЕ КИ БА ҶАНГИ УКРАИНА НАМЕРАВАНД, АЗ ШАҲРВАНДӢ МАҲРУМ КАРДА ШАВАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

МАНСАБДОРИ РУС ГУФТ, МУҲОҶИРОНЕ КИ БА ҶАНГИ УКРАИНА НАМЕРАВАНД, АЗ ШАҲРВАНДӢ МАҲРУМ КАРДА ШАВАНД

МАНСАБДОРИ РУС ГУФТ, МУҲОҶИРОНЕ КИ БА ҶАНГИ УКРАИНА НАМЕРАВАНД, АЗ ШАҲРВАНДӢ МАҲРУМ КАРДА ШАВАНД
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро миллатгароёна ва зидди муҳоҷирон ном баровардааст, тақозо дорад, то дар ҳолати аз иштирок дар “амалиёти махсуси ҳарбӣ” даст кашидани муҳоҷирон, онҳоро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд. Мақомоти расмии Русия ҷанги зидди Украинаро “амалиёти махсуси ҳарбӣ”  ном кардаанд.
 “Ҳоло, ки амалиёти махсуси низомӣ ҷараён дорад, ба фикрам, муҳоҷиронро ба он ҷалб кардан лозим аст. Агар ту шаҳрвандии Русияро доштаву омода набошӣ, ки уҳдадории ҳарбии худро иҷро кунӣ, пас тасмим гирифтан лозим аст, ки чунин шахсон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд”, - гуфт Бастрикин дар ҳамоиши фармондеҳони ҳарбии Русия.
Қариб тамоми суханронии Бастрикин дар ин ҳамоиш ба афзоиши ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон бахшида шуда буд. Бастрикин вақтҳои охир тафтиши аксари ҷиноятҳоеро, ки муҳоҷирон муттаҳам мешаванд, зери назорати худ мегиранд ва талаб мекунад, то нисбат ба муҳоҷирон ҷазоҳои шадидтаринро ба кор баранд.
Ӯ чанде пеш талаб карда буд, ки ба ширкату корхонаҳое, ки муҳоҷиронро ба кор мегиранд, “андози вазнин” банданд, то ки онҳо барои ба кор гирифтани сокинони Русия ҳавасманд шаванд. Ҳамин тавр, чанде пеш Бастрикин талаб карда буд, ки дар навбати аввали муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ба ҷанги зидди Украина баранд, то ки онҳо, ба гуфтаи ин мансабдори рус, “дар амал садоқати худро ба Ватани навашон нишон бидиҳанд”.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.