расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИЛҲОМ АЛИЕВ ПАРЧАМИ ОЗАРБОЙҶОНРО ДАР ПОЙТАХТИ ҚАРОБОҒ БАРАФРОХТ

Асосӣ / Ҷаҳон

ИЛҲОМ АЛИЕВ ПАРЧАМИ ОЗАРБОЙҶОНРО ДАР ПОЙТАХТИ ҚАРОБОҒ БАРАФРОХТ

ИЛҲОМ АЛИЕВ ПАРЧАМИ ОЗАРБОЙҶОНРО ДАР ПОЙТАХТИ ҚАРОБОҒ БАРАФРОХТ 
Рӯзи 15-уми октябри соли 2023 президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун ғолиб дар кӯчаи марказии шаҳри Степанакент (Хонкендӣ, пойтахти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ қадам зада, парчами ин ҷумҳуриро намоишкорона зери пой кард ва дар маркази ин ҷумҳурии қаблан ҷудоиталаб парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷонро барафрохт. Бо ин иқдом, роҳбари Озарбойҷон ба ҷаҳониён нишон дод, ки Қарабоғи Кӯҳӣ акнун пурра дар зери итоати ҳукумати марказии Озарбойҷон қарор дошта, шакке дар он нест, ки минтақаи Қарабоғ дигарбора ба ҷузъи ҷудонопазири хоки Озарбойҷон табдил дода шудааст.
Озарбойҷон дар Қаробоғ рӯзи 19 сентябри соли 2023 амалиёти нави ҳарбиро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” оғоз кард, ки алакай як рӯз баъд: 20 сентябр бо шикасти пурраи ҷудоиталабон анҷом ёфт ва ин минтақа пурра зери итоати Боку омад. Алакай рӯзи 28-уми сентябр президенти Қарабоғи Кӯҳӣ, Самвел Шахраманян санадеро имзо намуд, ки тибқи он, Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ аз санаи 1-уми январи соли 2024 ҳамчун кишвар аз байн меравад. Дар пайи имзои санади барҳамхӯрии Ҷумҳурии Қаробоғ, бо вуҷуди кафолати амният аз ҷониби мақомоти Озарбойҷон,  аз 120 ҳазор сокини арманитабори Қаробоғи Кӯҳӣ беш аз 100 ҳазораш ба Арманистон ҳиҷрат кард

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.