расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИСРОИЛ БА ЯК МИЛЛИОН СОКИНИ ШИМОЛИ ҒАЗЗА БАРОИ ТАРКИ ИН МИНТАҚА 24 СОАТ ВАҚТ ДОД

Асосӣ / Ҷаҳон

ИСРОИЛ БА ЯК МИЛЛИОН СОКИНИ ШИМОЛИ ҒАЗЗА БАРОИ ТАРКИ ИН МИНТАҚА 24 СОАТ ВАҚТ ДОД

ИСРОИЛ БА ЯК МИЛЛИОН СОКИНИ ШИМОЛИ ҒАЗЗА БАРОИ ТАРКИ ИН МИНТАҚА 24 СОАТ ВАҚТ ДОД
Ҳафтумин рӯзи даргириҳои ҲАМОС ва Исроил дар ҳоле оғоз шуд, ки бо дар баробари идомаи ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии ба Ғазза ва афзоиши талафоти аҳолии осоишта, артиши Исроил ба сокинони шимоли ин минтақа 24 соат вақт додааст, то ин қисмати Ғаззаро пурра тарк намуда, ба тарафи ҷануби Ғазза кӯч банданд. Ин зарбулаҷали Исроил далели он аст, ки эҳтимоли оғози амалиёти заминии артиши Исроил ба Ғаззаро тақвият мебахшад.
Аммо дар ҳамин ҳол, ҲАМОС дастури артиши Исроил дар мавриди тарк намудани минтақаи шимолии Ғаззаро "таблиғоти пуч" номида, аз сокинони он хостааст " ба таҳдидҳои душман аҳамият надиҳанд". Ҳамос гуфтааст "фаластиниҳои Ғазза сарзамини худро тарк нахоҳанд кард. Мо ду интихоб дорем, ё поён додан ба ин ишғол ва ё мурдан дар хона худ".
Созмони миллал муттаҳид гуфтааст, ки 1 миллиону 100 ҳазор нафар инсон наметавонад дар муддати 24 соат бахши шимолии навори Ғаззаро тарк кунанд. Аз ин рӯ СММ иҷрои ин дастури артиши Исроилро дар чунин муддати кӯтоҳ "душвор" ва натиҷаи онро "фоҷиабор" донистааст. Аммо дар ҷавоб ба ин нигаронии СММ аз аҳолии осоиштаи Ғазза, намояндаи доимии Исроил дар назди ин созмон вокуниши СММро мавриди интиқод қарор дода, онро "шармовар" донистааст.
Сухангӯи артиши Исроил низ гуфт, ки "дастури тахлияи ғайринизомиён аз бархе манотиқи Ғазза, иқдомоти башардӯстонаи Исроил аст". Дар ҷавоб СММ хостори лағви чунин иқдоми Исроил шуд.
Сухангӯи Салиби сурхи Фаластин таъкид намудааст, ки "ҳеҷ роҳе вуҷуд надорад, ки як миллион нафарро дар муддати 24 соат ба таври оддӣ аз шимолии Ғазза ба ҷануби Ғазза интиқол дод. Мо инҷо бемор, маҷрӯҳ, шахсони солхӯрда ва кӯдакони ширхӯр дорем, ки дар бистари беморианд. Ба сари онҳо чӣ меояд, ҳоли онҳо чӣ мешавад мо намедонем? Аз ин рӯ пизишкони мо ба ҳеҷ ваҷҳ бемористонро тарк намекунанд ва беморонро низ танҳо намегузоранд".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.