расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БА ҶОСУСӢ БАРОИ УКРАИНА АЙБДОР МЕКУНАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БА ҶОСУСӢ БАРОИ УКРАИНА АЙБДОР МЕКУНАНД

ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БА ҶОСУСӢ БАРОИ УКРАИНА АЙБДОР МЕКУНАНД 
Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав (Московские суды общей юрисдикции) хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Лефортово рӯзи 10 октябри соли 2023 дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста масъалаи интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор мешавад, баррасӣ кард ва ӯро ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабр ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Хадамоти матбуоти додгоҳҳои пойтахти Русия тафсилоти дигари надод, вале расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин нафар Шарифҷон Тиллозода ном дорад. Аввалин шуда хабари бо иттиҳоми ҷосусӣ  барои Украина дастгир шудани Тиллозодаро нашрияи ба мақомоти қудратии Русия наздики Mash | Мэш нашр кард.Ин нашрия навишт: “Як ҷосуси зодаи Тоҷикистонро дар Маскав боздошт ва алакай ҳабс карданд. Ӯ ба таври мунтазам ба Хадамоти амнияти Украина (СБУ) дар бораи макони ҷойгиршавии шабакаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар атрофи пойтахти Русия маълумот мефиристод.
Бино ба иттилои мо, Шарифҷон Тиллозодаро дар ҳудуди як қисми ҳарбии махфӣ дастгир карданд. Аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст. Вале маълум шуд, ки ӯ акс мегирифт ва ба ураторҳои худ ба хориҷ мефиристод. Санҷиш нишон дод, ки ӯ мустақиман бо СБУ робита дошт. Ба ин муҳоҷир барои ҷосусӣ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад”.
Шарифҷон Тиллозода 32 сол дошта, худро ҳамчун ҳунарпешаи синамо муаррифӣ мекунад.
Шарифҷон Тиллозода 7 апрели соли 1991 дар деҳаи Филмандар дар канори шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буда, қариб ҳар рӯз аксу видео мегузошт ва талош дошт, ки дар филмҳои ҳиндию туркӣ нақш иҷро кунад. Ба ин хотир, Тиллозода як муддат ҳатто дар Туркия низ ба сар бурд.
Аммо дар матлабҳои охирини худ ӯ мегуфт, ки  барои кору зиндагӣ ба Маскав омадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.