расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ЗАНИ 56-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН БА ДУЗДИИ 1,7 МИЛЛИОН РУБЛ АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Муҳоҷир

ЯК ЗАНИ 56-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН БА ДУЗДИИ 1,7 МИЛЛИОН РУБЛ АЙБДОР МЕШАВАД

ЯК ЗАНИ 56-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН БА ДУЗДИИ 1,7 МИЛЛИОН РУБЛ АЙБДОР МЕШАВАД 
Як зани 56-сола аз Тоҷикистон, ки дар як тарабхона дар хиёбони Нева, 100 дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳайси фаррош кор мекард, ба дуздидани маблағи бузурги рублу долларов – дар умум 1,7 миллион рубл, ё ҳудудан 170 ҳазор доллари Амрико, ки ба як сайёҳ аз Индонезия тааллуқ доштааст, айбдор мешавад. Шаҳрванди 39-солаи Индонезия ҳанӯз рӯзи 26 сентябри соли 2023 ба пулиси ноҳияи Тсентралнийи шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат карда, аз гум шудани пулҳояш хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки шоми 25 сентябр дар тарабхона дар хиёбони Нева хӯроки шом хӯрда буд ва ба эҳтимоли ғолиб, пулашро ҳамон ҷо фаромӯш кардааст. Таҳқиқи сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ дар тарабхона нишон додааст, ки ин корро фарроши тарабхона –  зани 56–сола аз Тоҷикистон –  кардааст.
Рӯзи 4 октябр баъди таҳқиқи сабти видеокамераҳо кормандони пулис ин занро дар манзиои иҷорааш дар кӯчаи Чехов, 15 дастгир карданд. Аз он манзил як қисми пулҳои рабудашударо ҳам пайдо кардаанд. Зан баъди боздошташ ба гуноҳи худ зуд иқрор кардааст ва гуфтааст, ки долларҳои рабудаашро алакай ба Тоҷикистон фиристода, рублҳоро дар хона нигоҳ медошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.