расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Додситонҳои кулли Тоҷикистону Испания барои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа барои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон дар шаҳри Мадрид ду рӯз гуфтушунид кардаанд.

Асосӣ / Муҳоҷир

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Испания барои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа барои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон дар шаҳри Мадрид ду рӯз гуфтушунид кардаанд.

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Испания барои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа барои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон дар шаҳри Мадрид ду рӯз гуфтушунид кардаанд. Испания дар оянда барои бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба аз Маркаи ягонаи итилоотии Додситонии кулли Тоҷикистон истифода мебарад.
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар бо роҳбарияти Додситонии кулл, Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания рӯзҳои 19-20-уми сентябр мулоқот намуд.
“Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои муқовимати муштарак бо терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд”, - омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, ки Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания мақоми ваколатдори давлатии Испания дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошад.
Инчунин, мубодилаи маълумоти фаврӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муайян намудани хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ба уҳдаи ин мақом вогузор шудааст.
Манбаъ зикр мекунад, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания ҳамкориро бештар ба роҳ мемонанд ва Испания дар оянда метавонад бо ёддошти тафоҳум аз Маркаи ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон истифода барад.
Аз ин пеш, роҳбарияти Додситонии кулли Тоҷикистон бо Додситонии кулли Русия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои ИДМ мулоқот карда, зимни он дар мавриди дастгир ва истирдоди ҷинояткорони махсусан хавфнок, муқовимати муштарак ба терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо гуфтушунид карда буд.
Қабл аз ин, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) дар шаҳри Лиони Фаронса мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.