Овозхон, навозанда, шоир, оҳангсоз ва ҳунарпешаи маъруфи Шӯравӣ ва Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев дар синни 76-солагӣ даргузашт.
Овозхон, навозанда, шоир, оҳангсоз ва ҳунарпешаи маъруфи Шӯравӣ ва Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев дар синни 76-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz бо такя ба Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Шералӣ Ҷӯраев – Ҳунарпешаи халқии ҶШС Ӯзбекистон (1987), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2018), дорандаи орденҳои «Фидокорони хизматлари учун» (2018) ва «Эл-юрт хурмати» ( 2022).
Ӯ 12 апрели соли 1947 дар ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд шудааст. Соли 1971 Донишкадаи давлатии санъати Тошканд ба номи Маннон Уйғурро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1972 ба ҳайси сарояндаи Ансамбли тарона ва рақси "Шодлик" оғоз кардааст. Солҳои 1979-1986 солист дар Филармонияи вилоятии Андиҷон ва солҳои 1986-1996 дар Филармонияи давлатии Ӯзбекистон кор кардааст. Дар солҳои истиқлолияти Ӯзбекистон ҳамчун сарояндаи яккахонӣ баромад кардааст.
Ӯ зиёда аз ҳазор суруд навишта, ашъори шоирони машҳури узбекро оҳанг бастааст. Муаллифи консерти театрии "Таърих месарояд", муаллифи сенария ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми бадеии "Шералӣ ва Ойбарчин" мебошад.
Шералӣ Ҷӯраев дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад.
