расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рӯзи аввали сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин чӣ гуна сурат гирифт.

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Рӯзи аввали сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин чӣ гуна сурат гирифт.

Чин барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 2 млн доллар медиҳад
Рӯзи аввали сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин чӣ гуна сурат гирифт.
Дар ҷараёни сафари расмии раиси палатаи болии парлумони Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин санадҳое, ки ба густариши ҳамкории мутақобила байни кишварҳо нигаронида шудаанд, ба имзо расид, хабар дода мешавад дар сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Рӯзи 21 август дар ҷараёни вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии ин кишвар Чжао Лэтсзи масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо маросими имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ баргузор шуд:
Аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми  2 млн доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон имзо шуд.
Ҳамчунин номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу» ба имзо расид.
Зимни дидору гуфтушуниди Рустами Эмомалӣ бо муовини раиси Чин Хан Чжэн вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки муносибат бо Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва Чин барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро пуштибонӣ карда, дар доираи он ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду кишвар ва мардуми бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Дар хабар зикр мешавад, ки доир ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт иқдоми муҳим пеш гирифта шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.