расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВО-АҶАБ! ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БАРОИ ... АВБОШӢ ИХРОҶ МЕКУНАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ВО-АҶАБ! ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БАРОИ ... АВБОШӢ ИХРОҶ МЕКУНАНД

ВО-АҶАБ! ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БАРОИ ... АВБОШӢ ИХРОҶ МЕКУНАНД
Додгоҳи ноҳияи Маскав шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 17 август Санавбар Ёроноваро бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия дар авбошӣ гунаҳкор шинохт ва ба андозаи 50 ҳазор рубл ҷарима баст. 
Худи ин зани тоҷик ё адвокату наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, “Ёронова рӯзи 5-уми октябри соли 2022 ҳангоми дар истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ "Станция метро "Московская" қарор доштанаш, бо мақсади таъсири манфии равонӣ расондан ба одамон шишаи обро дар роҳи ҳаракати троллейбус партофт. Шиша шикаст, пораҳои он ба атроф пош хӯрданд ва шаҳрвандон тарсиданд”. Сабаби чунин рафтори хашмгинонаи ин зани тоҷик гуфта нашудааст.
Ин алакай дуюмин мурофиаи додгоҳии Санавбар Ёронова буд. Ӯро ба ин мурофиа аз боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба  ихроҷ аз шаҳри Красное Село оварданд. Қаблан, 8 августи соли 2023 додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург Ёроноваро дар вайрон кардани қонунҳои будубош ва кор дар Русия низ гунаҳкор шинохта, 5 ҳазор рубл ҷаримааш баст ва ҳукми берун карданаш аз қаламрави Русияро баровард.
Ба гуфтаи додгоҳ, Санавбар Ёронова 3 сол пеш ҳамроҳи 3 фарзанди худаш ва ду фарзанди шавҳараш аз Тоҷикистон ба Русия омад ва дар базаи меваву сабзавоти Софийская кор мекард. Вале ӯ дар онҷо ғайриқонунӣ кор мекард ва на патент дошт ва на қарордод. Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург ҳамчунин зикр кардааст, ки фарзандони Санавбар Ёронова на ба боғчаву кӯдакистон мерафтанд ва на ба мактаб.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.