расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК НАРКОБАРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ 11 СОЛИ ФИРОР ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД

Асосӣ / Муҳоҷир

ЯК НАРКОБАРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ 11 СОЛИ ФИРОР ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД

ЯК НАРКОБАРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ 11 СОЛИ ФИРОР ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД
Маркази матбуоти ВКД Русия рӯзи 18 августи соли 2023 хабар дод, ки як қочоқбари маводи мухаддир аз Тоҷикистонро баъди 11 соли ҷустуҷӯ дар шаҳри Маскав дастгир кардаанд. Дар бораи кай, чӣ гуна ва дар куҷои Маскав дастгир шудани Сафаралиев ягон тафсилоти дигар дода нашудааст. Дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди ӯ ба кишвари ташаббускори ҷустуҷӯи ӯ, яъне ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад. 
Худи Комрон Сафаралиев ваё наздиконаш барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале ВКД Русия гуфт, ки ӯ дар ватанаш, Тоҷикистон, ба қочоқи миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир айбдор мешавад ва ба ҳамин далел, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифта буд.  “Бино ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, моҳи июли соли 2012 дар қаламрави вилояти Хатлони ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ доир карда мешуд. Ҳангоми кӯшиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои кофтукоби мошине, ки аз сӯи Комрон Сафаралиев идора мешуд, ӯ тавонист, ки фирор кунад. Баъдан мақомот мошини ӯро пайдо карда, аз дохилаш беш аз 61 кило бангдона гирифтанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти ВКД Русия дар шарҳи ин парванда.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.