расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РЕЙДИ ПУЛИС ДАР БАЗАИ СОФИЯ ДАР ПЕТЕРБУРГ: БЕШ АЗ 100 МУҲОҶИРИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ ГИРИФТАРО ҲАМ БА ВОЕНКОМАТ БУРДАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

РЕЙДИ ПУЛИС ДАР БАЗАИ СОФИЯ ДАР ПЕТЕРБУРГ: БЕШ АЗ 100 МУҲОҶИРИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ ГИРИФТАРО ҲАМ БА ВОЕНКОМАТ БУРДАНД

РЕЙДИ ПУЛИС ДАР БАЗАИ СОФИЯ ДАР ПЕТЕРБУРГ:  БЕШ АЗ  100 МУҲОҶИРИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ ГИРИФТАРО ҲАМ БА ВОЕНКОМАТ БУРДАНД 
Пулис дар ҷараёни ду рӯзи рейдаш дар базаи меваву сабзавоти Софийская, воқеъ дар кӯчаи Софийская дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт-Петербурги Русия садҳо муҳоҷирро дастгир кардааст. Аз ҷумла беш аз 100 муҳоҷири собиқро, ки алакай шаҳрвандии Русия доранд, дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фрунзе бурдаанд ва дар қайд мондаанд. Ин нигарониеро ба вуҷуд овардааст, ки онҳоро барои фиристодан ба ҷанги зидди Украина сабти ном мекунанд.Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рӯзи 16 августи соли 2023 дар иттилоияш барои сабти ном дастгир кардану ба комиссариати ҳарбӣ бурдани афроди соҳиби шаҳрвандии Русияро “як иқдоми нав” дар ҷараёни рейдҳои зидди муҳоҷирон номид. 
"Рейди дурӯза дар базаи меваю сабзавоти Софийская ҳам барои пулис натиҷа овард ва ҳам барои комиссариатҳои ҳарбӣ. Дар ҷараёни тафтиши санадҳо ҳудуди 400 нафар тафтиш карда шуданд. Аз ин шумор 55 нафар дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд. Як гуруҳи ҳамватанони онҳо, ки алакай шаҳрванди Русия шудаанд, низ тафтиш шуданд. Пулис аз чунинҳо беш аз 100 нафарро пайдо кард. Қариб ҳамаи онҳо барои сабти ном ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуданд ", -  нақли қавл кардааст хабаргузории ТАСС аз иттилоияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. 
Дар базаи меваву сабзавоти Софийская, ки яке аз базаҳои бузургтарин дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ба шумор меравад, садҳо муҳоҷир, аз ҷумла даҳҳо нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград инак 5 рӯз боз амалиёти “Мигрант”  идома дорад. Тайи 5 рӯзи рейдҳо пулис 5700 ҳолати вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратро ошкор кардааст ва ҳудуди 500 муҳоҷири хориҷиро бо мақсади ихроҷ аз Русия дар боздоштгоҳҳои вижа маҳкам кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.