расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 6 ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ГАРАВГОН ГИРИФТА, 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР ТАЛАБ КАРДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

6 ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ГАРАВГОН ГИРИФТА, 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР ТАЛАБ КАРДААНД

6 ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ГАРАВГОН ГИРИФТА, 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР ТАЛАБ КАРДААНД
Сомонаи пулиси Қазоқистон Рolisia.kz пӯзи 16 августи соли 2023 хабар дод, ки дар шаҳри АлмаАто, бузургтарин шаҳри ин кишвар як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро бо номи М. гаравгон гирифта, дар як манзил маҳкам кардаанд ва дар ивази раҳоияш аз наздикони он мард 20 ҳазор доллар талаб кардаанд. Ҷаннат Нуралиев (Жанат Нургалиев), сардори УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи пулиси шаҳри АлмаАто дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Як шаҳванди Тоҷикистон ба пулис хабар дод, ки ҳамватани ӯ М., соли таваллудаш 1991? 13 август ба як мулоқот рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Mо макони нигоҳдории ӯро дар ноҳияи Медеу муайян кардем. 6 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуданд. Онҳо гаравгонро мезаданд ва ҷараёни шиканҷа додани ӯро видео мегирифтанд”.
Ба онҳо барои одамрабоӣ тибқи қонунҳои Қазоқистон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафсилоти дигари ин қазия, сабаби ба асорат гирифтани М. ва номи тоҷикистониҳои дастгиршуда нашр нашудааст. Худи онҳо ва ҳамин тавр, ҷабрдида М. барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд. 
Пулиси Қазоқистон акси як қисми бадани ҷабрдидаро нашр кардааст. Аз акс дида мешавад, ки ҷабрдида як марди ҷавон аст ва дар баданаш осори зиёди латтукӯб ба назар мерасад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.