расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 теъдоди блогерон ба миқдори 49 нафар зиёд шудааст.
Мувофиқи эъломияҳои ба Кумитаи андоз пешниҳодшуда, даромади онҳо дар зарфи 6 моҳи соли равон 10 млн сомонӣ (ҳудуди 918 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст. Аз ҳисоби ин даромад ба буҷети кишвар 1,2 млн сомонӣ (110 ҳазор доллар) ворид шудааст.
Дар Кумита зикр мекунанд, ки барои бақайдгирии блогерон ба сифати андозсупорандагон тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст мегиранд.
Моҳи марти соли ҷорӣ Кумитаи андоз ному насаби 29 блогери маъруфро нашр кард, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, ба “тиҷорати ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромадҳои худ андоз пардохт намекунанд”.
Қобили зикр аст, ки бақайдгирии блогерон дар мақомоти андози Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз шуд.
“Мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд  андоз пардохт намоянд”, - гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.