расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ТОҶИК ДАР ЛЕНИНГРАД БА ҚАТЛИ ЯК ҲАМВАНАТАШ ВА ЗАХМӢ КАРДАНИ 3 ТОҶИКИ ДИГАР ГУМОНБАР МЕШАВАД

Асосӣ / Муҳоҷир

ЯК ТОҶИК ДАР ЛЕНИНГРАД БА ҚАТЛИ ЯК ҲАМВАНАТАШ ВА ЗАХМӢ КАРДАНИ 3 ТОҶИКИ ДИГАР ГУМОНБАР МЕШАВАД

ЯК ТОҶИК ДАР ЛЕНИНГРАД БА ҚАТЛИ ЯК ҲАМВАНАТАШ ВА ЗАХМӢ КАРДАНИ 3 ТОҶИКИ ДИГАР  ГУМОНБАР МЕШАВАД 
Бино ба хабарҳои расида, занозании хунини шоми 7 августи соли 2023 ҳангоми оббозӣ дар як кӯл дар канори шаҳри Всеволожски вилояти Ленингради Русия, дар тақрибан 20-километрии шимолушарқи шаҳри Санкт-Петербург, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани се тоҷики дигаар шуд, байни муҳоҷирони тоҷик рух додааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград рӯзи 10 август аз боздошти як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як ҳамватанаш ва захмӣ кардани се ҳамватани дигараш хабар доданд. Ин ҷавонро тафтишот яке аз сабабгорони занозании хунини шоми душанбеи 7 август дар лаби кӯли Пугарево дар канори Всеволожск мешуморанд. Номи ҷавони дастгиршуда нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2013 дар Петербург ба сар мебарад ва тиҷорати хусусӣ дошт. Ӯро ҳоло дар тавқифгоҳ маҳкам кардаанд ва масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтанаш дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Қаблан дар бораи боздошти 40 нафар дар маҳалли занозанӣ дар Всеволожск ва аз корду силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштани се нафар – сокини 36-солаи Петербург ва ду шаҳрванди 33-ва 30-солаи Тоҷикистон хабар расида буд. Баъдан маълум шуд, ки як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, ки низ дар он занозанӣ маҷруҳ шуда буд, ҷон додааст.
Рӯзи 10 август расонаҳои маҳаллӣ видеои дар маҳалли ҳодиса сабткардаи яке аз шоҳидонро нашр карданд. Дар сабт дида мешавад, ки ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ дар назди кӯли Пугарево бо якдигар ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.