расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раҳмон дар "Роғун" аз пешрафти кору камбуди коргар гуфт

Асосӣ / Президент

Раҳмон дар "Роғун" аз пешрафти кору камбуди коргар гуфт

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба сохтмони нерӯгоҳ 3,6 ҳазор нафар бештар ҷалб шудааст, аммо ба андешаи раисҷумҳури кишвар теъдоди коргарон ҳоло ҳам кифо нест

Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" давоми шаш моҳ беш аз нақша маблағ ҷудо кардааст.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сохтмончиён изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози соли ҷорӣ барои кору хизматрасониҳо дар ин сохтмон аз ҳисоби буҷет 2,6 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи неругоҳи 427 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
"Яъне нақшаи солона 2,5 миллиард сомонӣ буд, вале то имрӯз беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардид",- таъкид кард президент.
Ин дарҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 дар умум 4 млрд доллар равона шуда буд.
Ӯ аз пешрафти корҳо дар сохтмони нерӯгоҳ гуфта ба гулли бунёдкорон барои меҳнаташон изҳори сипос кард.
Ба иттилои президент, ҳоло дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад.
"Вале шумораи зикршуда барои бомарому босуръат идома дадани корҳои сохтмон ҳоло ҳам кифоя нест",- гуфи раистыумщур.
Вай таъкид кард, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ бояд андешида шаванд.
Президент таъкид кард, ки корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки бо ҳамдигар вобастагии мустақим дошта, қафомонӣ дар яке аз онҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад.
Аз ин рӯ ба гуфтаи сарвари давлат, зарур аст, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии "Неругоҳи барқи обии "Роғун" якҷо бо намояндаи фармоишгар – Консорсиуми "Трактебел"-и Фаронса ва "Электроконсалт"-и Итолиё ҷараёни корҳоро дар иншооти дахлдор ҳамоҳанг намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.