расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ТАЛОҚҲО ҚАРИБ ДУ ҲАЗОР КАМТАР ШУДААСТ

Асосӣ / Ҳаводис

ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ТАЛОҚҲО ҚАРИБ ДУ ҲАЗОР КАМТАР ШУДААСТ

ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ТАЛОҚҲО ҚАРИБ ДУ ҲАЗОР КАМТАР ШУДААСТ
Дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бори аввал дар ду соли охир шумораи талоқҳо коҳиш ёфта, шумораи ақди никоҳ баракс афзудааст.  Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли 2023 дар нишасти хабарии ин вахорат гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 32 ҳазору 151 ақди никоҳ сабт ҳудааст. Ин назар ба нимсолаи аввали соли 2022 қариб 2000 бештар аст. Дар нимаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 30 ҳазор 266 ақди никоҳ сурат гирифта буд. Дар айни замон, ба гуфтаи Ашӯриён, дар нимаи аввали соли ҷорӣ шумораи талоқҳо дар кишвар қариба 2 ҳазор коҳиш ёфтааст. Дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 370 оила фурӯ пошидаанд. Ин назар ба 7025 талоқи дар нимаи аввали соли 2023 сабтшуда 26 фоиз, ё 1895 маврид камтар аст. 
Афзоиши мавридҳои талоқ ва фурӯпошиҳои оилаҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ, ки дар солҳои қабл ба назар мерасид, нигарониҳои зиёдеро дар ҷомиа ба бор оварда буд. Қарори маълум, издивоҷи ҳар ҷуфт барои ҳарду ҷониб: ҳам тарафи домод ва ҳам тарафи арӯс бо хароҷоти ҳангуфте тамом шуда ҳарду тарафро дар ботлоқи қарз ғӯттавар мекунад ва аз ин рӯ, фурӯпошии ҳар оила дастикам ду оиларо ба мушкилоти молиявии ҷиддӣ дучор мекунад. Аммо Ҳилолбӣ Қурбонова, раиси кумитаи занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон қаблан афзоиши шумораи талоқҳоро ба талоши рӯзафзуни зодагони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия рабт дода, гуфта буд, бисёре аз мардони тоҷик аз оилаҳои худ дар Тоҷикистон фақат дар рӯи қоғаз ҷудо мешаванд, то ки битавонанд бо ягон зани рус никоҳи қалбакӣ карда, шаҳрвандии Русияро осонтар ба даст биоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.