расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Соҳибкорони Русия дар МОИ Суғд бо харҷи $500 ҳаз. корхонаи нав сохтанд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Соҳибкорони Русия дар МОИ Суғд бо харҷи $500 ҳаз. корхонаи нав сохтанд

Раиси Минтақаи озоди иқтисодии Суғд мегӯяд, ки бо роҳандозии ин корхона 22 сокини маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд

Ин корхона ба истеҳсоли маҳсулоти филизӣ машғул хоҳад шуд, гуфт Суҳроб Зикриёзода, муовини раиси Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар нишасти хабарӣ.
Ба гуфти ӯ бо ба фаъолият оғоз кардани корхонаи ҶДММ "Ситораи аср" 22 сокини маҳал бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин оқои Зикриёзода гуфт, ки Русияву Белорус қасд доранд дар МОИ "Суғд" корхонаҳои нав бунёд намоянд.
Ба иттилои муовини раиси Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ин мақсад аллакай вазири саноати Русия, соҳибкорони Нижегородск ва Новосибирск, ҳамчунин намояндагони шаҳри Могилёви Белорус аз минтақаи иқтисодии Суғд боздид кардаанд.
Раиси Минтақаи озоди иқтисодии Суғд таъкид кард, ки ба хотири ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо якчанд сармоягузорон гуфтушунидҳо баргузор намуд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба МОИ “Суғд” мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, чунин мулоқоту дидорҳо бо соҳибкорону мақомдорони Русия сурат гирифтааст. Дар шаш моҳи соли равон низ бо намояндагони минтақаҳои гуногуни Русия аз ҷумла бо Тотористон, Могилёв, Нижегородск, Новочебоксар, Урал мулоқот сурат гирифт ва чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.