расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷузъиёти садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб маълум шуд Ронандаи мошини боркаши «Дулан» 6 август дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруг ҳангоми ҳаракат бар асари корношоямии дастгоҳи боздоранда аз уҳдаи идори нақлиёт набаромада дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳр мошини я

Асосӣ / Ҳаводис

Ҷузъиёти садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб маълум шуд Ронандаи мошини боркаши «Дулан» 6 август дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруг ҳангоми ҳаракат бар асари корношоямии дастгоҳи боздоранда аз уҳдаи идори нақлиёт набаромада дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳр мошини я

Ҷузъиёти садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб маълум шуд
Ронандаи мошини боркаши «Дулан» 6 август дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруг ҳангоми ҳаракат бар асари корношоямии дастгоҳи боздоранда аз уҳдаи идори нақлиёт набаромада дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳр мошини якчанд мошинҳои сабукравро пахш намуда, ба хонаҳо бархӯрдааст. 
Дар натиҷа 3 манзили зист ва 7 воситаи нақлиётӣ пурра хароб гардидаанд.
Дар ин ҳодисаи фоҷиабор 10 нафар: 6 мард (аз ҷумла ронандаи Дулан), 3 зан ва 1 ноболиғ ба ҳалокат расида, 13 тани дигар захмӣ шудаанд. 
Ҳоло 5 нафар захмӣ дар шуъбаи шикастабандӣ ва 5 тани дигар дар шуъбаи эҳёи беморхонаи Кулоб бистарӣ мебошанд, ки вазъи 2 тани онҳо вазнин арзёбӣ мегардад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии карда, дастур дод, ки ба оилаҳои зарардида кӯмак кунанд. 
Дар айни ҳол Прокуратураи Генералӣ нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот идома дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.