расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ШАҲРИ СОЧИ СЕ ТОҶИК ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ЮҒ ЗАДА, ПУЛҲОЯШРО БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ДАР ШАҲРИ СОЧИ СЕ ТОҶИК ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ЮҒ ЗАДА, ПУЛҲОЯШРО БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД

ДАР ШАҲРИ СОЧИ СЕ ТОҶИК ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ЮҒ ЗАДА, ПУЛҲОЯШРО БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД
Додситонии кишвари Краснонодари Русия рӯзи 5 августи соли 2023 аз анҷоми тафтиши парвандаи се ҷавони тоҷик хабар дод. Ба онҳо барои роҳзанӣ то 10 соли зиндон, барои боздошти худсарона то 5 сол ва барои тасарруфи шиноснома ним соли ҳабс ё то як сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад. Худи боздоштшудагон ваё адвокатҳо ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин се нафар рӯзи 17 декабри соли 2022 бо баҳонаи зиёфат ва хушгузаронӣ як ҳамватани 41-солаашонро ба манзили аз қабл иҷора гирифтаашон даъват кардаанд. Дар ин ҷо ин марди тоҷикро ба ҷои зиёфату хушгузарони азобу уқубат ва шиканҷа додаанд. Тафтишот мегӯяд, ки ин се нафар бо мақсади тасарруфи пулу моли ҷабрдида нисбат ба ӯ аз зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок истифода бурда, аз ҷумла бо пистолети Макаров ва корди шикорӣ таҳдид кардаанд ва ба гарданаш юғ (хомут) зада, даступояшро бо латта чунон бастаанд, ки аз ҷо ҷунбида натавонад. Баъди ин роҳзанҳо кисаҳои ҷабрдидаро кофта, пулу моли ӯро ба маблағи 680 ҳазор рубли русӣ ва ба далели норӯшане шиносномаи ӯро ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, кашида гирифтаанд. 680 ҳазор рубл бо қурби моҳи декабри соли 2022 баробари қариб 11 ҳазор доллар буд. Тафсилоти дигари ин қазия ва номи муттаҳамон ва ҷабрдида нашр нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.