расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Русия гумонбар дар қатли 22 нафарро ба Тоҷикистон истирдод кард

Асосӣ / Муҳоҷир

Русия гумонбар дар қатли 22 нафарро ба Тоҷикистон истирдод кард

Додситонии кулли Русия гуфт, мардеро, ки дар ҳодисаҳои 30 соли пеш дар Тоҷикистон барои қатли 22 нафар гумонбар мешуд, ба Душанбе истирдод мекунад.
Ба навиштаи Телеграм-канали додситонии кулли Русия аз 4-уми июл, ин мард Юсуф Салихов ном дошта, ҷинояте, ки дар он гумонбар мешавад, дар таърихи 14 октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанд содир кардааст.
Ҳанӯз дар ин бора мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон чизе нашр накардаанд, ҳамчунин маълум нест мавқеи худи боздоштшуда чӣ асту то куҷо бо ин иттиҳомот розӣ мебошад. Дар изҳороти прокуратураи Русия гуфта мешавад, ки боздошти Салихов бо талаби Тоҷикистон имконпазир шуд. Дар миёни қурбониёни Салихов ва ҳамроҳонаш як зани обистан ҳам ёд мешавад.
Дар шарҳи хабари қарори истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия омадааст, ки Салихов ва ҳамроҳонаш бо автомати Калашников ба як манзиле дар деҳаи Сарбанд ҳамла карданд. Ҳадафи онҳо ғоратгарӣ ва азхудкунии моликияти ин хонавода будааст. Баъди қатли ҳама узви хонавода, гурӯҳи Салихов ҷасадҳоро бензин рехта бо мошини ҷабрдидаҳо аз ҷои ҳодиса фирор намуд.
Дар ин куштор ду нафар ҷон ба саломат бурданд. Баъди содир кардани ин ҷиноят худи Салихов аз Тоҷикистон ба Русия фирор карда муддати дароз дар ҳамин кишвар паноҳ бурдааст, мегӯяд прокуратураи генералии Русия.
Маълум нест чаро ҷиняти мудҳиши сӣ соли пеш содиршуда маҳз солҳои охир мавриди таваҷҷӯҳи низоми додгоҳӣ қарор гирифтааст, чун, ба навиштаи ин манбаъ, бо қарори додгоҳи шаҳри Бохтар аз моҳи марти соли 2022 боздошти Салихов иҷозат ва худи ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.
Прокуратураи Русия мегӯяд, ҳамакнун додгоҳ қарор мекунад, ки бо назардошти мӯҳлати тӯлонии ҷинояти рухдода чӣ қароре содир мешавад.
Мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон дар гузашта ҳам дар бораи ҳодисаҳои ҷудогонаи ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гумонбар дар содир кардани ҷиноят дар даҳсолаҳо пеш хабар медиҳанд. Яке аз ин хабарҳо ба боздошту истирдод ва ҳукми тӯлонии зиндони собиқ фармондеҳи Фронти халқии замони ҷанги шаҳрвандии (1992-1997) и Тоҷикистон Хӯҷа Каримов маъруф бо лақаби Хӯҷа-Командир рабт дорад. Каримовро мақомот 20 сол баъди фирораш аз Тоҷикистон аз Дубай истирдод карда, феврали соли 2022 ба 21 соли зиндон ҳабс карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.