расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ТАСДИҚ КАРД, КИ АЗ 1 ЯНВАР ВОРИДОТИ МОШИНҲОИ ТО СОЛИ 2013 БА ТОҶИКИСТОН МАНЪ МЕШАВАД

Асосӣ / Сиёсат / Иқтисодиёт

ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ТАСДИҚ КАРД, КИ АЗ 1 ЯНВАР ВОРИДОТИ МОШИНҲОИ ТО СОЛИ 2013 БА ТОҶИКИСТОН МАНЪ МЕШАВАД

ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ТАСДИҚ КАРД, КИ АЗ 1 ЯНВАР ВОРИДОТИ МОШИНҲОИ ТО СОЛИ 2013 БА ТОҶИКИСТОН МАНЪ МЕШАВАД
Вазири нақлиёти Тоҷикистон расман тасдиқ кард, ки аз 1 январи соли 2024 бо қарори ҳукумат воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ карда мешаванд. Феълан аз хориҷ овардани мошинҳои сохти то соли 2006 мумкин аст. Азим Иброҳим дар нишасти хабарии вазорати нақлиёт гуфт, тоҷирони мошин то соли нав фурсати кофӣ доранд, ки нақшаҳои худро бар асоси қарори нави ҳукумат барномарезӣ кунанд.
Вазири нақлиёт ин тасмимро ба ҳимояти муҳити зист аз газҳои партобӣ рабт дод ва гуфт: “Тавре медонем, ҳар қадр мошин зиёдтар истифода шуда бошад, ба муҳити зист зарараш бештар мешавад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ин иқдоми хуб аст”.
Қаблан пойгоҳи хабарии “Ориён” хабар дод, ки ба зудӣ воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ карда мешаванд.  Дар гуруҳҳои мошинфурӯшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи номаи расмие нашр шуд, ки дар он аз президент ва раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон манъ кардани воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 дархост карда мешавад.
Бисёре аз тоҷирони мошин мегӯянд, ки ин ташаббуси мақомот барояшон ногаҳонӣ буд ва бисёре аз мошинфурӯшонро ғофилгир кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.