расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ НОМАШРО БА ОРИЁМЕҲР ЗАРДУШТ ИВАЗ КУНАД

Асосӣ / Ҳаводис

БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ НОМАШРО БА ОРИЁМЕҲР ЗАРДУШТ ИВАЗ КУНАД

БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ НОМАШРО БА ОРИЁМЕҲР ЗАРДУШТ ИВАЗ КУНАД 
Журналист ва китобдори тоҷик Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) рӯзи 29 июли соли 2023 бо нашри як видео дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки талошҳои чандинмоҳааш барои ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардани ному насабаш бенатиҷа анҷом ёфтанд ва ҳатто вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ин дархости ӯро рад кардааст.  Абдуқодир Талбаков дар аввалҳои соли 2023 аз гароиданаш ба дини зардуштӣ ва азмаш барои таъсиси ҷамъияти пайравони дини зардуштӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Вақте ки бархе корбарон мазамматаш карданд, ки пас чаро ному  насаби мусалмонии решаҳояш арабиро ҳифз кардааст, ӯ эълон кард, ки ному насабашро ба Ориёмеҳр Зардушт иваз мекунад ва талош хоҳад кард, ки ҳама санадҳояшро ҳам расман ба ин ному насаб гардонад. Аммо дар вазорати адлия ба Абдуқодир Талбаков аз лиҳози қонунӣ ғайримумкин будани чунин шеваи тағйири ному насабро фаҳмонда, пешниҳод кардаанд, ки аз Ориёмеҳр Зардушт ба ҳайси тахаллуси эҷодӣ истифода кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.