расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти гумонбарони ҷинояти авбошӣ

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Боздошти гумонбарони ҷинояти авбошӣ

Боздошти гумонбарони ҷинояти авбошӣ
Иффату покӣ ва шарму ҳаё унсурҳои асосиву муайянкунандаи мақому мартабаи занон ба шумор мераванд. Маҳз ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ занро дар ҷомеа соҳибмақому боэҳтиром мегардонад. Аммо баръкс бадмастиву айёшӣ гарчанде хислатҳои хоси занон набошанд, ҳам вале баъзан дар ҷомеа мушоҳида мегарданд, ки воқеан боиси нигаронист.
Навори пур аз алфози қабеҳу дашномҳои гушношунид, ки аз ҷониби як нафар ҷавондухтар садо медиҳад, шоми 25-уми июли соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда, аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодисаи мазкур таҳқиқ карда шуда, гумонбарон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд. 
Ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳодисаи мазкур санаи 25-уми июли соли ҷорӣ, тақрибан соати 04:30 дақиқаи субҳ дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, назди кинотеатри «Ватан» рух додааст. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси хабари фаврӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, гумонбарон дастгир карда шуданд. 
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Шорухова Ниягара, санаи таваллудаш 09.07.1997 ва  Шорухова Дилноза Каримовна санаи таваллудаш 25.04.2001, сокинони шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғ.Мирзо, дар дукони гулфурӯшии "Гулдаста Ватан", бо шаҳрванд Карстен Марина Бахтиёровна санаи таваллудаш 26.11.1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, якдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва мавриди лату куб қарор додаанд. 
 Дастгиршуда, Шорухова Дилноза бо ин рафторҳои авбошона ва алфози қабеҳи худ қаноат накарда, ҳамзамон бо гулдони пластикии сахт дар қисмати рӯи Карстен М.Б., зарба мезанад, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. 
Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар ду ҷониб тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.