расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲУДУДИ 50 ШАҲРВАНДИ ХИТОЙ ДАР ЯК КОРХОНА ДАР ДАНҒАРА АЗ ГАЗ ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ҲУДУДИ 50 ШАҲРВАНДИ ХИТОЙ ДАР ЯК КОРХОНА ДАР ДАНҒАРА АЗ ГАЗ ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

ҲУДУДИ 50 ШАҲРВАНДИ ХИТОЙ ДАР ЯК КОРХОНА ДАР ДАНҒАРА АЗ ГАЗ ЗАҲРОЛУД ШУДААНД
Наздик ба 50 шаҳрванди Чин (Хитой), ки дар корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” кор мекунанд, бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаҳои ноҳияи Данғара муроҷиат кардаанд.
Ин корхонаи муштараки саноатӣ соли 2016 дар Данғара бунёд шуд ва дар он шаҳрвандони Чину Тоҷикистон кор мекунанд.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 26-уми июли соли 2023 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рух дод ва шаҳрвандони ҷумҳурии Чин ба пизишкон муроҷиат карданд.
“Дар ҷои кор сарашон чарх зада афтодаанд ва қай карданд. Фавран ба беморхона муроҷиат карданд ва пизишкон онҳоро ташхис карданд. Маълум шудааст, ки онҳо аз ҳавои олуда бо газ нафас кашида ба чунин ҳол афтодаанд. Худашон кадом таҷҳизотеро нодуруст истифода бурдаанд,”—гуфт ӯ.
Мақомоти ноҳияи Данғара ҳодисаро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, теъдоди онҳое, ки ба беморхона муроҷиат карданд, зиёд набуданд. Қаҳрамон Камолов, сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ дар Данғара гуфт, “ин ҷиддӣ набуд. Муроҷиат карда буданд, дидем. Ҳоло ягон нафарашон дар беморхона хоб нестанд. Ба беморхонаи ҷумҳуриявӣ танҳо ду нафар муроҷиат кард, ба беморхонаҳои ноҳиявиро намедонам.”
Mақомот қаблан гуфта буданд, ки дар ин корхона 600 нафар кор мекунанд, вале маълум нест, чанд нафар аз онҳо шаҳрванди Чин ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.