расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАТЪИ ИНТИҚОЛИ ДОЛЛАРУ ЕВРО БА ТОҶИКИСТОН АЗ ТАРИҚИ “ЮНИСТРИМ”

Асосӣ / Иқтисодиёт

ҚАТЪИ ИНТИҚОЛИ ДОЛЛАРУ ЕВРО БА ТОҶИКИСТОН АЗ ТАРИҚИ “ЮНИСТРИМ”

ҚАТЪИ ИНТИҚОЛИ ДОЛЛАРУ ЕВРО БА ТОҶИКИСТОН АЗ ТАРИҚИ “ЮНИСТРИМ” 
Дафтари назорати ҳисобҳои хориҷии вазорати молияи Амрико рӯзи 20 июли соли 2023 ба зидди боз 5 бонки Русия таҳримот ҷорӣ кард. Дар байни онҳо бонки “Юнистрим” низ ҳаст. “Юнистрим” бештар бо шабакаи интиқоли пулаш маъруф аст ва дар пайи эълони таҳримоти Амрико, интиқоли асъори муҳими хориҷӣ, аз ҷумла доллару евро аз тариқи “Юнистрим” ба кишварҳои зиёд, аз ҷумла ба Тоҷикистон номумкин шудааст.
Дар сall-сентри “Юнистрим” ба нашрияи русии “Известия” тасдиқ кардаанд, ки алакай аз 21 июл интиқоли пул тавассути “Юнистрим” ба дастикам 5 кишвар: Гурҷистон, Туркия, Юнон, Қибрис (Кипр) ва Исроил номумкин шуда,  дар Тоҷикистону Ӯзбекистон пулҳои аз тариқи ин шабака фиристодашударо дигар бо доллару евро намедиҳанд. 
 “Юнистрим” дар баробари “Золотая корона” ва “Contact” дар ҷумлаи се ширкати бузургтарин дар бозори пулфиристӣ аз Русия қарор дошт. Ва аммо акнун бархе бонкҳои Тоҷикистон низ ба далели таҳримҳои Амрико алакай интиқоли пул бо доллару евроро аз тариқи шабакаи “Юнистрим” манъ кардаанд. Чунин тасмим гирифтанашонро ба Аsia Рlus  дар “Спитаменбонк”, “Бонки Арванд”, “Бонки якуми молиявии хурд” ва ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо” тасдиқ кардаанд. Ин бонкҳо гуфтаанд, интиқоли пул бо рубли русиро аз тариқи “Юнистрим” бидуни ягон мамониат қабул карда истодаанд.
Бонкҳои дигар ҳанӯз тасмими худро дар мавриди “Юнистрим” расман эълон накардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.