расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ЗАНОЗАНИИ СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР РОҲИ ВОРУХ – ИСФАРА

Асосӣ / Ҳаводис

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ЗАНОЗАНИИ СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР РОҲИ ВОРУХ – ИСФАРА

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ЗАНОЗАНИИ СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР РОҲИ ВОРУХ – ИСФАРА
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои лаҳзаи  занозании рӯзи 24 июли соли 2023 байни сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дар роҳи байни Воруху Исфара нашр шуд.
Дар сабт дида мешавад, ки як ронандаи солхӯрда бо мошини рангаш сиёҳи “Мерседес” пеши роҳи корвони мошинҳои тӯйро мегирад ва аз мошин фаромада, аз рӯи роҳи вайрону валангор чанд сангро бардошта, ба тарафи мошинҳои корвони тӯй мепартояд.  Баъди ин шаҳмардҳо ва меҳмонони тӯй ба ронандаи мошини рақамҳояш қирғизӣ ҳамла карда, ӯро латтукӯб мекунанд.
Бино ба хабарҳо, сокини деҳаи қирғизнишини Оқсой ронандагон аз корвони тӯйро, ки аз Ворух ба тарафи Исфара мерафтанд, ба кӯшиши эҷоди халал дар роҳи ҳаракати худ айбдор кардааст. 
Ҷониби Тоҷикистон инро рад мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.