расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚИРҒИЗИСТОН ДАР 2,5 СОЛ БАРОИ ХАРИДАНИ СИЛОҲ 1,4 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ХАРҶ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН ДАР 2,5 СОЛ БАРОИ ХАРИДАНИ СИЛОҲ 1,4 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ХАРҶ КАРДААСТ

ҚИРҒИЗИСТОН ДАР 2,5 СОЛ БАРОИ ХАРИДАНИ СИЛОҲ 1,4 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ХАРҶ КАРДААСТ
Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20 июли соли 2023 дар ҷаласаи кобинаи вазирони ин кишвар хабар дод, ки Қирғизистон тайи 2,5 соли охир, яъне дар солҳои 2021, 2022 ва нимаи аввали соли 2023, барои нав кардани силоҳҳои Қувваҳои мусаллаҳи худ 125 миллиард сом харҷ кардааст. 125 миллиард сом тибқи қурби расмии имрӯза беш аз 1 миллиарду 420 миллион долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, Тошиев ёдовар шуд, ки дар тӯли солҳои 2005-2020  барои нав кардани силоҳҳои Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҳамагӣ 3-5 миллиард сом харҷ шуда буд.
Тошиев зикр кардааст, ки дар ин авохир барои тақвияти иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон аз Туркия ҳавопаймоҳо бесарнишини тамғаҳои “Байрақдор”, “Оқсунғур”, “Оқинҷӣ” ва аз Русия маҷтамаи мушакии ЗРК “Печора” ва чархболҳои тамғаҳои Ми-8 ва Ми-17 харида, оварда шуданд.“Мо ин ҳамаро туҳфа нагирифтаем, ҳамаи ин аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ харида шудаанд”, -  таъкид кардааст Тошиев.
Мақомоти Қирғизистон баъди муноқишаи моҳи апрели соли 2021 дар марз бо Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он талафоти онҳо нисбат ба ҷониби Тоҷикистон хеле бештар буд, ҷиддан дар фикри тақвияти иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи кишвари худ шуданд ва фаъолона ба харидани силоҳҳои муосир аз кишварҳои мухталиф пардохтанд.
Ҷониби Тоҷикистон хароҷоти ҳарбии худро эълон намекунад, вале дар пайи муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон бисёриҳо аз роҳбарони ниҳодҳои низомии кишвар интиқод карданд, ки ба фарқ аз Қирғизистон, то ҳол аз силоҳҳои кӯҳнаи бозмонда аз замони СССР истифода мебаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.