расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ НОЧОРӢ... 8 СОЛ ҲУКМИ ЗАНИ БЕФАРЗАНДЕ, КИ ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ТАВАЛЛУДХОНА ДУЗДИД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

АЗ НОЧОРӢ... 8 СОЛ ҲУКМИ ЗАНИ БЕФАРЗАНДЕ, КИ ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ТАВАЛЛУДХОНА ДУЗДИД


АЗ НОЧОРӢ... 8 СОЛ ҲУКМИ ЗАНИ БЕФАРЗАНДЕ, КИ ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ТАВАЛЛУДХОНА ДУЗДИД
Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон  хабар дод, ки сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Оиша Шарипова бар асоси қисми дуюми моддаи 130, банди “д” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кӯдакрабоӣ гунаҳкор шинохта шуда, ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Бар асоси ҳукми қозии парванда Раҳмонзода И.Р., “шаҳрванд Шарипова О.Т. бо сабаби фарзандор нашуданаш, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи пинҳонӣ аз шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ як нафар тифли навзодро рабуда, соҳиби фарзанд шавад. Барои амалӣ намудани нақшаи таҳрезӣ кардааш моҳи феврали соли 2022 тавассути телефони мобилӣ ба шавҳараш оиди ҳомила шуданаш хабари бардурӯғ дода, минбаъд муддати 9 (нуҳ) моҳ дар зери либоси танааш дар қисми шикам латаю ҳаргуна матоъ баста, худро барои атрофиён ҳамчун ҳомила вонамуд кардааст. Сипас баҳри иҷрои нақшаи тарҳрезӣ намудааш бегоҳи 23 сентябри соли 2022 ба шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи А.Ҷомӣ омада, аз рафтани навбатдор истифода бурда, дарҳол бо роҳи тиреза вориди долони шуъбаи таваллудхона шуда, сипас ба яке аз ҳуҷраҳои наздиктарин, яъне ҳуҷраи табобати шиддатнок ворид шуда, кӯдаки навзодро рабуда, бо худ бурда, пинҳон кардааст. Санаи 30 сентябри соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ тифли навзод дар ҳолати хуби саломатӣ дарёфт карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст”.
Ин қазия соли гузашта сару садои зиёдеро ба по карда, мавҷи вокунишҳоро ба бор оварда буд. Бархе рафтори ин занро маҳкум карданд, бархеи дигар мегуфтанд, ки вазъияти ӯро дарк мекунанд, чунки Оиша Шарипова, ба гуфтаи худаш, аз тарси онки шавҳараш ӯро барои бефарзандӣ талоқ медиҳад ва ба хотири аз таънаи атрофиён раҳидан даст ба ин кор задааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.