расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистон воридоти худравҳои эллектрониро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод

Асосӣ / Иқтисодиёт

Тоҷикистон воридоти худравҳои эллектрониро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод

Воридоти худравҳои барқии замонавии каммасраф дар Тоҷикистон давоми панҷ моҳи соли соли ҷорӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст

Ба Тоҷикистон зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ 709 худрави эллектронӣ ворид шудааст.
Дар ин бора аз Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфтанд, ки ин нишондиҳанда қариб баробар ба воридоти кулли соли 2022, ки 767 адад буд, баробар аст.
"Соли ҷорӣ воридоти боркашҳои эллектронӣ низ ба назар мерасад, ки аз шумораи зикршуда, 9-тоаш чунин мошинҳо мебошанд",- афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло теъдоди худравҳои барқии дар умум воридшуда ба Тоҷикистон 1497 адад ҳисоб шудаанд. Аз ин шумор ҳамчунин шаш ададш борбардорҳои хурди эллктронӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Ин аҳдоф дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.