расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БО ПИСТОЛЕТ ВА ХАЛТАИ НОС БА ДАСТ АФТОД. БОЗДОШТИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР РУСИЯ СЕ ТОҶИКИ ДИГАРРО ЗАХМӢ КАРД

Асосӣ / Муҳоҷир

БО ПИСТОЛЕТ ВА ХАЛТАИ НОС БА ДАСТ АФТОД. БОЗДОШТИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР РУСИЯ СЕ ТОҶИКИ ДИГАРРО ЗАХМӢ КАРД

БО ПИСТОЛЕТ ВА ХАЛТАИ НОС БА ДАСТ АФТОД. БОЗДОШТИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР РУСИЯ СЕ ТОҶИКИ ДИГАРРО ЗАХМӢ КАРД
Кормандони пулиси Русия рӯзи 16 июли соли 2023 як марди 30-солаи зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русияро, ки шоми шанбе, 15 июл дар шаҳри Кудровои вилояти Ленинград се ҳамватани худро аз туфангчаи травматикӣ захмӣ кард, дастгир карданд. Нашрияи маҳаллии “47-й канал” хабар дод, ки аз ин нафар, ки дар ҳамон Кудрово ба сар мебурд, ҳангоми боздошт туфангчаи травматикӣ, дастпӯшак ва як халта бо маводи номаълуми рангаш сабз пайдо кардаанд. Аз рангаш бармеояд, ки ин мавод ба эҳтимоли ғолиб нос, як навъи дар Осиёи Марказӣ хеле роиҷи тамоку аст.
Ёдовар мешавем, шоми 15 июл, дар кӯчаи Английская дар шаҳри Кудровои вилояти Ленингради Русия, ки дар канораҳои шарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст, байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон муноқиша ва тирпаронӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он яке аз иштирокчиён дар ҷараёни ин муноқиша се нафари дигарро захмӣ кардааст. Тирандоз билофосила аз ҷои ҳодиса фирор кард. Дар натиҷаи тирпаронӣ се муҳоҷири синнашон 47-, 24- ва 23-сола тир хӯрда, дар ҳолати ванин ба бемористон интиқол дода шуданд. Якеи онҳо аз гавҳараки чашми росташ тир хӯрда, ҷоғи дуюмӣ шикастааст ва сеюмӣ аз ноҳияи сутунмуҳрааш осеби вазнин бардоштааст.Сабаби муноқишаи байни тоҷикҳо дар Кудрово ҳанӯз рӯшан нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.