расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Имдодгарон ҷасади кӯдаки 12-соларо аз Канали Калони Ҳисор берун гирифтанд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Имдодгарон ҷасади кӯдаки 12-соларо аз Канали Калони Ҳисор берун гирифтанд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар Ҳисор ҷасади як наврасро аз об берун гирифтанд.

Гуфта мешавад, навраси 12-сола ҳангоми оббозӣ дар Канали Калони Ҳисор ғарқ шудааст.
Рӯзи 16 июл пас аз баргузории корҳои ҷустуҷӯии душвор кормандони Кумита ҷасади наврасро пайдо намуда, онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, доимо бо онҳо дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об ва оббозӣ накардан дар ҷойҳои манъшуда суҳбатҳо гузаронанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар 6 моҳи соли равон дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 нафар кӯдакону наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби асосии ҳалокшавии шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ва аз ҷониби калонсолон беназорат гузоштани кӯдакон мебошад.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.