расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” РОҲ НАМЕДИҲАНД? БАҲСИ МАВЗӮЪ ДАР ПАЙИ САДАМАИ ЯК МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” ДАР ДУШАНБЕ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” РОҲ НАМЕДИҲАНД? БАҲСИ МАВЗӮЪ ДАР ПАЙИ САДАМАИ ЯК МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” ДАР ДУШАНБЕ

ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” РОҲ НАМЕДИҲАНД? БАҲСИ МАВЗӮЪ ДАР ПАЙИ САДАМАИ ЯК МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” ДАР ДУШАНБЕ 
Ин мавзӯъ пас аз нашри навори садама бо иштироки мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар Душанбе дар канали ParvizTV мавриди баҳси корбарон қарор гирифт. Рӯзи 9-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садама бо иштироки мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар яке аз кӯчаҳои Душанбе нашр шуд. Дар он дида мешавад, ки “Ёрии таъҷилӣ” бо автомашинаи сабукрав ва баъдан ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. То ҳол шарҳи расмии мақомот дар бораи ин садама нашр нашудааст. Корбарон дар шарҳи навор навиштаанд, ки ронандагон ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” аксар вақт роҳ намедиҳанд.
Раҳимҷон Раҳимов муовини директори Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, роҳ надодани мошинҳои шахсӣ ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ мушкили доғ аст. Ба гуфтаи ӯ ронандаҳое низ ҳастанд, ки қоидаро риоя мекунанд ва роҳ медиҳанд.“Солҳои пеш роҳ надодан ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бештар ба назар мерасид. Ҳоло то як дараҷа вазъ беҳтар шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар шаҳр зиёд аст ҳолатҳое, ки ба нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” роҳ намедиҳанд. Ин монеа мешавад барои саривақт нарасидан ба назди бемор”,- афзуд ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.