расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИКРО ДАР ПЕТЕРБУРГ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД. МУТТАҲАМ – ЯК ТОҶИКИ ДИГАР

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИКРО ДАР ПЕТЕРБУРГ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД. МУТТАҲАМ – ЯК ТОҶИКИ ДИГАР

ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИКРО ДАР ПЕТЕРБУРГ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД. МУТТАҲАМ – ЯК ТОҶИКИ ДИГАР
Дар ноҳияи Централний ё Марказии шаҳри Санкт-Петербурги Русия хешовандон аз бенишон шудани як ҷавонзани 30-сола зодаи Тоҷикистон дар ташвиш афтода, шабона ба хонаи ӯ дар кӯчаи 10-ум Советская омадаанд ва мутаассифона, ҷасади ӯро бо осори зиёди латтукӯб пайдо кардаанд. Бино ба гузориши нашрияи маҳаллии “Нева Тудей”,  наздикиҳои нимашаби чоршанбе, 12 июли соли 2023,  ба пулис дар бораи ёфт шудани як ҷасад дар манзиле дар кӯчаи 10-ум Советская  хабар додаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасади як зани 30-солаи зодаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд. 
Ҷасадро бо аломатҳои зиёди латтукӯб, аз ҷумла варамҳо ва омочи хун, ба морг фиристодаанд ва ташхис бояд сабаби марги ин ҷавонзанро маълум кунад.
Хешовандони ин зан, ки дар он манзил қарор доштанд ва маҳз онҳо ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” занг задаанд, хабар додаанд, ки ин ҷавонзан ба зангҳо ҷавоб намедод ва онҳо маҷбур шуданд, ки дари манзили иҷораи ӯро ба зӯр кушода, дароянд. Он гуфтаанд, ки мурдаи ҷавонзанро дар рӯи кати хобаш пайдо кардаанд.Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушода, як  ҳамшаҳрии ин ҷавонзанро, ки 37 сол дорад, бо гумони даст доштан дар латтукӯб ва куштани ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Ба ӯ барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.