расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Толибон*: Нигаронии кишварҳо аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон беҷо аст

Асосӣ / Ҷаҳон

Толибон*: Нигаронии кишварҳо аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон беҷо аст

Толибон* зимни таъкиди ваъда мубориза бо тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон нигаронии дигар кишварҳоро бе маврид хонд

Муовини сухангӯи гурӯҳи толибон* Билол Каримӣ ахиран муддаӣ шуд, ки бархе кишварҳо бо номи нигаронӣ аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистони истифода абзорӣ мекунанд, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
Вай афзуд, дар ҳоле, ки кишти хашхош дар Афғонистон ба сифр расида ва ҷилави тавлид, қочоқу хариду фурӯши анвоъи маводи мухаддири гирифта шудааст.
“Бархе кишварҳо ба дур аз воқеиятҳои айни ҳол, ба гӯнаи номуваҷҷеҳ аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар иброз нигаронӣ мекунанд”, - таъкид кард ӯ.
Муовини сухангӯӣ толибон* мегӯяд, матраҳ сохтани ин нигарониҳо реша дар аҳдофи дигари ин кишварҳо дорад то аз ин тариқ бар ҳукумати ин гурӯҳ ба унвони абзори фишор истифода кунанд.
Каримӣ муддаӣ шуд, ки 98% шаҳрвандон фармони раҳбари толибонро мабнӣ бар манъи кишт, тавлиду хариду фурӯши маводи мухаддирро риоят кардаанду кишти ғайриқонӯнӣ ва махфиёна дар бархе манотиқ низ тавассути неруҳои амниятии толибони нобуд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Сухангӯи ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид чанде пеш гуфта буд, ки дар ояндаи наздик кишти маводи мухаддир ба сифр хоҳад расид.
Ин дар ҳолест, ки қаблан СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.