расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ ДУХТАРЧАИ ПАНҶСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “БМВ” ВА ДУЗДИИ ТӮРҲОИ ИНКУБАТОР АЗ ЯК ФЕРМАИ МУРҒ ДАР КӮШОНИЁН

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАЛОКАТИ ДУХТАРЧАИ ПАНҶСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “БМВ” ВА ДУЗДИИ ТӮРҲОИ ИНКУБАТОР АЗ ЯК ФЕРМАИ МУРҒ ДАР КӮШОНИЁН

ҲАЛОКАТИ ДУХТАРЧАИ ПАНҶСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “БМВ” ВА ДУЗДИИ ТӮРҲОИ ИНКУБАТОР АЗ ЯК ФЕРМАИ МУРҒ ДАР КӮШОНИЁН
12-уми июли соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW-520/D», Насиров Худоёр Бобоҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Истаравшан-Хуҷанд», дар ҳудуди деҳаи Навкати шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хурдсол Аҳмадҷонзода Сабрина Аҳмадҷон, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.Дар натиҷа, хурдсол Аҳмадҷонзода С.А ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххх
Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми июли соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба фермаи мурғпарвариаш даромада, аз он ҷо 36-адад тӯрҳои инкубаториро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 104 ва 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.