расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН САЙЁРА ДУСАЕВА БАРОИ КУШТОРИ ОШПАЗИ ОШХОНАИ ГУРҶИИ “ТБИЛИСО” БА ШАШУНИМ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН САЙЁРА ДУСАЕВА БАРОИ КУШТОРИ ОШПАЗИ ОШХОНАИ ГУРҶИИ “ТБИЛИСО” БА ШАШУНИМ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН САЙЁРА ДУСАЕВА БАРОИ КУШТОРИ ОШПАЗИ ОШХОНАИ ГУРҶИИ “ТБИЛИСО” БА ШАШУНИМ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД 
Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия дар куштори ҳамкораш дар ошхонаи “Хинкалная Тбилисо”  гунаҳкор шинохт ва ба 6 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.  Ба гуфтаи додситонии вилояти Маскав, “додгоҳ муайян кард, ки 4 январи солши 2023, Дусаева дар дохили қаҳвахонаи воқеъ дар ҳавзаи шаҳри Митиши бо ҳамкораш муноқиша карда, ба қисмати қафаси синаи ӯ на камтар аз ду зарбаи корд задааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст”.
Хабарнигори НТВ аз толори додгоҳ хабар дод, ки Дусаева дар ҷараёни мурофиа аз коре, ки шуд, изҳори пушаймонӣ кард ва гуфт, дар ҳолати аффект қарор дошт ва ҳоло дуруст дар ёд надорад, ки он рӯз чӣ гузашт?
Сайёра Дусаева, ки дар як ошхонаи таомҳои гурҷӣ дар шаҳри Митиши дар канори Маскав кор мекард, рӯзи 4 январи соли 2023 бо иттиҳоми куштани ҳамкораш, ошпази ошхонаи “Хинкалная Тбилисо” ба ҳабс гирифта шуд. Боздошти ӯ мавҷи вокунишҳоро дар Тоҷикистон ба бор овард. Даҳҳо нафар аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки Сайёра Дусаеваро беҳимоят нагузоранд ва аз ӯ дифоъ кунанд, то ки ба маҳзи бесоҳибӣ дар Русия “говсуд” нашавад. Ба дунбол, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва додситони кул Юсуф Раҳмон бо ирсоли дархостҳои расмӣ аз мақомоти Русия тафтиши одилонаи қазияи Сайёра Дусаевро талаб карданд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки Сайёра Дусаева дар посух ба таҳқиру латтукӯб ва паст задани шаъну эътибораш аз тарафи ошпази гурҷӣ ба даст корд гирифта, аз номуси худ ҳимоят кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.