расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА БОКСЁРИ ТОҶИК БАҲОДУР УСМОНОВ МОШИН ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Асосӣ / Сиёсат / Варзиш

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА БОКСЁРИ ТОҶИК БАҲОДУР УСМОНОВ МОШИН ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА БОКСЁРИ ТОҶИК БАҲОДУР УСМОНОВ МОШИН ТУҲФА КАРД 
Аз номи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Баҳодур Усмонов, муштзани тоҷик, ки моҳи май дар чемпионати бокси ҷаҳон дар шаҳри Тошканд сазовори медали биринҷӣ шуд,  мошин туҳфа кардаанд. Калиди мошини навро ба Баҳодур Усмонов рӯзи 7 июли соли 2023 дар ҷаласаи ҷамъбастии Федератсияи бокси Тоҷикистон муовини шаҳрдори Душанбе Дилбар Одилзода супурд. Федератсияи бокс ба навбати худ Баҳодур Усмоновро барои ин дастовардаш бо 70 ҳазор сомонӣ ҷоиза қадрдонӣ кардааст.
Баҳодур Усмонов баъд аз 12 сол нахустин муштзани тоҷик аст, ки дар чемпионати бокси ҷаҳон соҳиби медал шуд. Аз ин қабл дар соли 2011 Анвар Юнусов дар чемпионати ҷаҳон соҳиби медал шуда буд.
Дар чемпионати имсолаи ҷаҳон, ки дар пойтахти Ӯзбекистон доир шуд, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило то ба даври ниманиҳоӣ расид, вале мутаассифона, аз муштзани муғул Чинзориг Баатарсух шикаст хӯрд. Федератсияи бокси ҷаҳон Баҳодур Усмоновро барои касби мақоми сеюм бо медали биринҷӣ ва 50 ҳазор доллар ҷоиза қадрдонӣ карда буд.
Муштзани тоҷик гуфт, ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон барои ҳар як варзишгар дастоварди бузург аст, вале ин ҳадди ниҳоии имконоти ӯ нест. "Ман боз ҳам қавитар омода мешавам ва дар радабандии ҷаҳонӣ пешсаф мешавам! Ташаккури зиёд барои дастгирӣ ва табрикатон", - гуфта буд Баҳодур баъди чемпионат.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.