расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ПРИГОЖИН ВА 35 ФАРМОНДЕҲИ ЧВК “ВАГНЕР” БАЪДИ ОШӮБИ ИН ГУРУҲ (САДО)

Асосӣ / Ҷаҳон

МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ПРИГОЖИН ВА 35 ФАРМОНДЕҲИ ЧВК “ВАГНЕР” БАЪДИ ОШӮБИ ИН ГУРУҲ (САДО)


МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ПРИГОЖИН ВА 35 ФАРМОНДЕҲИ ЧВК “ВАГНЕР” БАЪДИ ОШӮБИ ИН ГУРУҲ (САДО)
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 10 июли соли 2023 хабари мулоқоти Путин бо  роҳбари ширкати хусусии ҳарбии ЧВК "Вагнер" Евгений Пригожинро, ки пас аз "шӯриши нобафарҷом"-и ин гурӯҳ ба Беларус “бадарға” бояд мешуд, тасдиқ намуд. Субҳи 10-уми июл аввадл рӯзномаи фаронсавии Liberation, чопи Париж, бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои ҷосусии кишварҳои  аврупоӣ хабар дода буд, ки Пригожин аз Беларус ба Маскав баргашта, дар кохи Кремл бо президенти Русия Владимир Путин вохӯрдааст. Бино ба навиштаи ин расонаи мӯътабари фаронсавӣ,  "Пригожин 1-уми июли соли 2023 ҳамроҳи фармондеҳони саҳроии гурӯҳи "Вагнер" дар Кремл бо президенти Русия Владимир Путин, сардори Росгвардия (Гвардияи миллии Русия) Виктор Золотов ва роҳбари Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия ( Служба внешней разведки,СВР) Сергей Наришкин мулоқот кардаанд".  Песков гуфт, ки Владимир Путин на санаи 1-уми июл балки санаи 29-уми июн (ҳамагӣ пас аз 5 рӯзи ошӯб) бо Пригожин ва фармондеҳони "Вагнер" наздик ба 3 соат сӯҳбат намуд. Дар умум аз ду тараф 35 нафар дар ин ҷаласа иштирок доштаанд. 
Ин дар ҳолест, ки ҳамон рӯзи 29-уми июн Песков ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки аз макони будубоши Пригожин хабар надорад. Путин рӯзи 29-уми июн дар маҳфиле бо номи «Сильные идеи для нового времени» (“Ақидаҳои қавӣ барои замони нав” иштирок намуда сурати як "одами сурх"-ро кашида буд.  
Бархе ҳадс мезананд, ки шояд Кремл барои паст задани арзиши маълумоти ниҳодҳои ҷосусии Ғарб рӯзи баргузории мулоқоти вагнериҳо бо Путинро қасдан тағйир дода бошад. Зеро маҳз пас аз нашри хабари мулоқоти Путин бо вагнериҳо аз тарафи рӯзномаи фаронсавӣ Кремл маҷбур шуд, ки онро таъйид ва расонаӣ кунад. То ин замон ин вохӯрӣ махфӣ буд ва касе аз он хабар надошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.