расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кумаки башардӯстона ба паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Кумаки башардӯстона ба паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон

Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар гуфт, беш аз 500 паноҳҷӯи афғон бар иловаи кумакҳои башардӯстона аз сокинони маҳаллии Суғд, пули нақд хоҳанд гирифт

Сокинони вилояти Суғд барои 43 хонаводаи паноҳандагони афғон кумаки башардӯстона ҷамъоварӣ карданд.
Дар ин бора аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки бастаи хайрия аз маводи ғизоӣ ва гигиенӣ иборат аст.
Ҳамин тариқ, ба ҳар оилаи гурезаҳои Афғонистон маводи ниёзи аввал: 50 кг орд, 5 литр равған, 5 кг биринҷ ва шакар, инчунин 15 маводи гигиенаи шахсӣ ҷамъоварӣ дастрас шуданд.
Илова бар ин, ба ҳар як хонаводаи афғон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд, таҷҳизот барои пухту паз супорида шуд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии кӯмак ба гурезагони афғон - дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумест, ки маҷбуран берун аз ватани худ зиндагӣ мекунанд.
"Беш аз 500 гурезае, ки дар 8 шаҳру навоҳии Суғд зиндагӣ мекунанд, пули нақд хоҳанд гирифт. Ба ин феҳрист сокинони навоҳии Конибодом, Исфара, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Кӯҳистони Маастчоҳ, Ҷаббор-Расулов шомил шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Қаблан маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд паноҳандаи афғон ба сар мебарад.
Феълан теъдоди гурезагон аз Афғонистон ба 6,8 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон раиси созмони ғайридавлатии "Ориёно" Абдумусавир Баҳодурӣ хабар дод.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.