расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистон барои Русия боз 100 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ омода мекунад

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Тоҷикистон барои Русия боз 100 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ омода мекунад

Ин масъала дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, ки рӯзи 19-уми июн баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

Ба иттилои саҳифаи расмии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар “Фейсбук”, 100 ҳазор муҳоҷир пеш аз сафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати Русия омӯзонида мешаванд.
“Эҳтимоли омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоёни Русия низ баррасӣ шудааст”, - гуфта мешавад дар хабар.
Дар мулоқот ҳамчунин, рафти иҷрои созишнома байни ду давлат дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия ва ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.
Қаблан дар бораи таъсиси ин хадамот ёддошти тафоҳум байни Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Фёдор Карповец, муовини директори генералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Русия ба имзо расида буд.
Омода намудани боз 100 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Русия дар ҳолест, ки ба иттилои ғайрирасмӣ, аллакай беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва қисме аз онҳо пайваста ба муносибати дағали мақомот ва шаҳрвандони Русия рӯбарӯ мешаванд.
Аз ҷумла, ҳудуди як моҳ пеш мақомоти интизомии Русия “шикор”-и муҳоҷирони кории тоҷикро роҳандозӣ карда, дар натиҷа садҳо нафарро дастгир ва бархеҳоро ба Тоҷикистон ирсол карданд. Ҳамчунин, онҳо ба донишҷӯёни Тоҷикистон низ дарафтоданд. Баъдан мақомоти расмии Тоҷикистон аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ карда, таҳқиқи қазияҳоро дархост карданд.
Ҳамин тариқ, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон омад ва дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш масъалаи фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ карданд.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.