расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Даргузашти як зоири тоҷик дар Саудӣ

Асосӣ / Дин

Даргузашти як зоири тоҷик дар Саудӣ

Як зойири тоҷик дар Арабистони Саудӣ даргузашт. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдулло Шарипов рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Макка вафот кард ва субҳи имрӯз ӯро ҳамонҷо ба хок супориданд.

Гуфта мешавад, Шарипов гирифтори бемории дил буд. Марҳум сокини ноҳияи Мастчоҳ буд ва шаш рӯз пеш барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистон рафта буд. Мақомот дар бораи даргузашти ин зойири тоҷик то ҳол расман хабар надодаанд.
Сафари зойири тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ 10 июн оғоз шуда, то 20 июн давом мекунад. Солҳои гузашта низ фавти зойирини тоҷик дар Саудӣ иттифоқ меафтод. Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта 7 нафар нафар дар роҳ ба Умра даргузаштанд.
Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.