расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муовини сарвазири Русия дар Херсон қариб зери мушакборон неруҳои украинӣ қарор мегирифт

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Муовини сарвазири Русия дар Херсон қариб зери мушакборон неруҳои украинӣ қарор мегирифт

Пас аз чанд дақиқаи рафтани мақоми баланди ҳукумати Русия, нерӯҳои украинӣ бо мушакҳои бритониёии "Storm Shadow" ба ин макон ҳамла карданд

Муовини нахуствазир ва вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров ҳангоми сафараш ба вилояти Херсон қариб буд, ки зери оташи тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина мемонд.
Мантуров бо раҳбарияти вилоят масъалаи кумак ба сокинони манотиқи зериобмонда ва таъмини онҳо бо маводи зарурӣ, доруворӣ ва ғизоро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати саноат ва савдо.
Вазорат таъйид кард, ки чанд дақиқа пас аз рафтани арбоби давлатӣ, нирӯҳои украинӣ бо мушакҳои бритониёии Storm Shadow ба ин макон ҳамла кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 6 июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа данба хароб шуда, бе назорат берун рафтани об оғоз шуд.
Вайрон шудани НБО ба табиат зарари калон расонд, киштзорҳои хоҷагии қишлоқи соҳили Днепр низ шуста шуданд.
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков ҳамла ба нерӯгоҳи Каховскро як тахрибкории барқасдона аз ҷониби Украина номид.
Вай афзуд, ки Киев бояд тамоми масъулиятро барои оқибатҳои ин ҳодиса бар дӯш дорад.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.