расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон зебогии Варзобро ба амири Қатар нишон дод

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон зебогии Варзобро ба амири Қатар нишон дод

Сарони кишварҳо дар мавзеъҳои зебоманзари минтақаи Варзоб сайру гашт карда, аз табиати ҷумҳурӣ баҳра бурда, сӯҳбати озоди дӯстона анҷом доданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ аз қароргоҳи Варзоб дидан карданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Қайд карда мешавад, ки боздид аз ҷойҳои зебоманзару ҷолиб дар доираи сафари давлатии Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни сайругашт амири Қатар бо манзараҳои нодири табиии Тоҷикистон ошно шуд.
Сарони кишварҳо дар мавзеъҳои зебоманзари минтақаи Варзоб сайру гашт карда, аз табиат ва ҳавои тозаи кишвари офтобӣ баҳра бурда, суҳбати озоди дӯстона анҷом доданд.
Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки чунин чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ сурат гирифт.
Қаблан Тоҷикистону Қатар як қатор санадҳои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум имзо карда буданд.
Созишномаҳои имзошуд марбут ба шарикӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, тиҷорат, варзиш, сиёсати ҷавонон, савдо, кишоварзӣ ва саноатро дар бар мегирад.
Алоҳида бояд таъкид кард, ки созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ низ имзо шуд.
Ҳамчунин миёни Кумитаи дини Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор шуд.
Ба муносибати омадани амир дар истиқболи ботантана қаровули фахрӣ барпо гардид, гимни ду мамлакат иҷро ва аз тупҳо 21 тир шиллик карда шуд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • cococ | Гости

    L'orologi è un accessorio importante nella vita di tutti i giorni. Non sorprende che la maggior parte delle persone cerchi orologi pratici ed eleganti. Gli orologi replica sono l'opzione perfetta per queste persone. Gli orologi replica sono repliche esatte di orologi classici e sono realizzati con materiali di alta qualità. Sono anche molto convenienti e offrono un'ampia varietà di stili.
    orologi replica cinesi
    replica Rolex Datejust
    replica Breitling
    replica Omega

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.