расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Асосӣ / Иқтисодиёт

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан (ҳудуди 57 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад, гуфта мешавад дар лоиҳаи созишномаи дахлдор дар ин бора, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Ин созишнома дар баробари 12 қарордоди дигари ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар Пекин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расид. Дар лоиҳа таъкид шудааст, ки кумак бо дархости ҳукумати Тоҷикистон “барои иҷрои тарҳҳои мувофиқашудаи тарафҳо” ҷудо карда мешавад. “Шартҳои мушаххас барои лоиҳаҳо дар созишномаҳои иловагӣ, ки аз ҷониби тарафҳо имзо мешаванд, пешбинӣ карда мешаванд”, – таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома. Дар он гуфта мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин барои ироаи кумакҳои молиявии бебозгашт мутақобилан суратҳисобҳои бефоиз ва ғайрихарҷӣ мекушоянд. «Ҳангоми истифодаи кӯмаки молиявии ройгон тартиби пешбурди суратҳисобҳо мувофиқи тартиб ва қоидаҳои ҶС Бонки давлатии рушди Чин амалӣ карда мешавад ва бонкҳо дар бораи ҳолати суратҳисобҳо ба тарафҳо ҳисобот медиҳанд», – хулоса мешавад дар лоиҳаи созишнома.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.